- оташ
- [آتش]1. он чи аз сӯхтани чӯб, ангишт ё газ ба вуҷуд меояд ва дорои гармию равшанӣ мебошад2. маҷ. ҷӯшу хурӯш; сӯзу гудоз, эҳтироз: оташи ишқ, оташи ғазаб, оташи дил сӯзу гудози дил; оташу об ду чизи тамоман ба ҳамдигар зид, ду чизи соқиткунандаи якдигар; оташу дуд ду чизи ба ҳам тавъам; оташ набошад, дуд намешавад (зарб.); оташи ҷудоӣ маҷ. сӯзу гудози ҷудоӣ; оташ андохтан ба дили касе касеро ба изтиробу хурӯш овардан, касеро ба хашму ғазаб овардан; оташ афрӯхтан алав даргирондан; оташ афтодан ба ҷое даргирифтан, сӯхтан; оташ афтодан ба дили касе безобита шудан, ҳаросон шудан, бетоқат шудан; оташ афшондан (фишондан) оташ пошидан, алав сар додан; оташ боридан аз чашм дар ҳолати хашму ғазаб будан; оташ гирифтан а) даргирифтан, сӯхтан; ҷомааш оташ гирифт; б) маҷ. хашмгин шудан, тез ва асабонӣ шудан; оташ даргирондан оташ афрӯхтан; оташ додан сӯзондан, даргирондан; оташ задан сӯзондан, алав мондан, алав сар додан ба ҷое; оташи касеро доман задан маҷ. касеро хашмгин кардан, барангехтан; оташ кушодан (аз тӯп, туфанг) тир холӣ кардан; оташ(ро) куштан оташро хомӯш кардан; оташ мондан ба чизе даргирондани чизе; оташ паридан аз чашм сахт зарба расидан ба чашм; оташи касеро паст кардан хашму ғазаби касеро фурӯ нишондан, ором кардан, таскин додан; оташ пошидани чашм барқ задан, дурахшидани чашм; оташ(ро) фурӯ нишондан а) оташро куштан, хомӯш кардан; б) маҷ. фитнаеро паст кардан; миёни ду оташ мондан маҷ. чи кор кардан ва ба куҷо рафтани худро надонистан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.